САРБАНД БА МАРРА РАСИД
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ ноҳияи Сарбанд аз нақшаи солонаи пахта мужда расонд. Бояд тазаккур дод, ки ноҳияи Сарбанд баъд аз ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон дуюмин ноҳияе мебошад, ки дурнамои истеҳсолиаш нисбатан камтар аст. Ноҳия дар соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии 2300 тонна пахтаро дошт, ки аз иҷрои он ба хубӣ баромада тавонист. Дар ҷамъоварии пахтаи имсолаи ноҳия аз қувваи кории 1250 нафар сокинони он истифода карда шуд. Бо иҷрои нақша, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерии ноҳия ба шудгори заминҳо ва кишти тирамоҳӣ оғоз карданд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ноҳия ҳар рӯз ба андозаи 100-120 гектар заминро шудгор ва кишт менамоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






