САРМОЯИ «АМОНАТБОНК» ЗИЁД ШУД

Октябрь 22, 2008 14:09

                  Сармояи умумии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар давоми 9 моҳи соли равон 44,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9 миллион сомонӣ зиёд аст.Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд дар амалӣ гардидани сиёсати пулию қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои бонк дар давраи ҳисоботӣ ба 22711 муштарӣ ба маблағи умумии 213,7 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,6 миллион сомонӣ ё ба андозаи 97,7 фоиз зиёд мебошад.                Инчунин, муассисаҳои «Амонатбонк» ба 22 ҳазору 608 муштарӣ дар ҳаҷми умумии 157,6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд додаанд, ки ин 73,8 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои додашударо ташкил медиҳад.                 Барои ба соҳибкорони хурд ва миёнаи минтақаҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ додани қарзҳои хурд аз тарафи Вазорати молияи ҷумҳурӣ тӯли солҳои 2005-2007 давра ба давра ба маблағи умумии 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ҳамаи маблағҳои дар давоми нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ ҷудогардида пурра мавриди истифодаи соҳибкорони хурду миёнаи манотиқи кӯҳистон қарор доранд.              «Амонатбонк» дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат механизми нави маблағгузорӣ ба соҳаи пахтакориро аз аввали сол ин ҷониб ба роҳ мондааст. Бо ин мақсад аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои маблағгузорӣ намудани хоҷагиҳои пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлону аз ҳисоби депозити буҷети ҷумҳуриявӣ 40 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ин маблағҳо дар мӯҳлати кӯтоҳтарин тариқи қарзҳои имтиёзноки бонкӣ дастраси 548 хоҷагии пахтакорӣ ин вилоятҳо гардонида шуд. Илова бар ин, «Амонатбонк» аз ҳисоби маблағҳои худӣ 50 хоҷагии пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлонро дар ҳаҷми 5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ намуд.                Айни замон аксарияти хоҷагиҳо маблағҳои қарзиро самаранок истифода намуда, ҳосилнокии хуби заминҳои пахтаро таъмин менамоянд, ки ин пеш аз ҳама ба сари вақт баргардонидани маблағҳои қарзии додашуда ва фоизҳои онҳо мусоидат мекунад.

Октябрь 22, 2008 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид