САРМОЯИ «БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ЗИЁД ШУД
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). Дар ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» маҷлиси васеи раёсат баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти бонки мазкур дар соли равон ҷамъбаст гаштанд. Агар сармояи эълоншуда то 1 октябри соли 2007 28 миллиону 775 ҳазору 305 сомониро ташкил медод, пас 1 октябри соли 2008 маблағи сармояи эълоншуда ба 59 миллиону 999 ҳазору 980 сомонӣ расид. Дороиҳои бонки мазкур ба андозаи 29 миллиону 295 ҳазору 586 сомонӣ афзуда 59 миллиону 772 ҳазору 702 сомониро ташкил доданд. Даромади Бонк бошад 5 миллиону 538 ҳазору 109 сомониро ташкил дод, ки ба андозаи 4 миллиону 985 ҳазору 519 сомонӣ нисбати соли 2007 зиёдтар аст. Вазъи хуби молиявии «Бонки рушди Тоҷикистон», хизматрасонии муҷтамеъ ва қулай, шаффофияти фаъолият чун пештара омили ҷалбкунанда барои амонатгузорон буда, афзоиши устувори базаи мизоҷон ва сандуқи пасандозӣ тасдиқӣ ин гуфтаҳо мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






