САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ТАШРИФ ОВАРД

Октябрь 3, 2008 12:44

       Субҳи имрӯз 3 октябри соли 2008 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Рашт ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф овард. Истиқболи басо самимӣ ва меҳру муҳаббати зоҳирнамудаи мардум аз ҷониби худи онҳо чун шукргузорию қадрдонӣ ба сиёсати сулҳофарӣ, ободонию созандагӣ ва мардумпарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маънидод мегардад. Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Тоҷикобод аз шиносоӣ бо корҳои навъсанҷӣ дар қитъаи замини таҷрибавии Академияаи кишоварзии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Нӯшор оғоз ёфт. Зимни шиносоии заминҳои картошка зикр гардид, ки имсол дар ноҳия бояд 27-28 ҳазор тонна ҳосил ба даст ояд.        Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар заминҳои водии Рашт ҳосили картошка бояд аз 400 центнерӣ аз гектар кам набошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод якҷоя солҳои пеш ҳеҷ гоҳ аз 33 ҳазор тонна картошка зиёд истеҳсол нашуда буд. Имсол деҳқонони ду ноҳияи мазкури умед доранд, ки 62-63 ҳазор тонна картошка ба даст оранд. Умуман ҳосили фаровони картошка ва мева, аз ҷумла себу нок зардолу ва чормағз боиси хушҳоливу қаноатмандии мардум гаштааст. Дар намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ анвои гуногуни меваю сабзавот, себ, нок, чормағз, картошка, пиёз, сабзӣ, аз ҷумла навъҳои селексионии олимони тоҷик, ки ҳосилнокии баланд доранд, ба маъраз гузошта шуда буданд. Бо қаноатмадӣ зикр гардид, ки солҳои охир бо маслиҳату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт шумораи занбӯрпарварон ва истеҳсоли асал хеле афзудааст. Зимни шиносоӣ бо маҳсули меҳнати кишоварзони ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди минбаъдаи боғдорию ниҳолпарварӣ, картошкапарварӣ, парвариши занбӯри асал, чорводорӣ ва ғайра ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Ба муносибати иди саиди Фитр ба мардуми ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон бо қарори Муассиси он Эмомалӣ Раҳмон 5 трактори МТЗ – 80 бо 5 испор, 8 автобуси мусофирбар, 5 мошини ёрии таъҷилӣ ва 65 компютеру 11 принтер барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тӯҳфа карда шуд.        Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими тантанавии оғози корҳои азнавсозии марҳилаи сеюми роҳи Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби татбиқи ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 490 миллион сомонӣ азнавсозии 265 км роҳи байналмилалии Душанбе – Саритош, 137 км роҳҳои маҳаллӣ, сохтмони 19 пули нав бо таҷдиди 20 пули мавҷуда анҷом дода мешавад. Айни ҳол марҳилаи якуми он пурра анҷом ёфта, марҳилаи дуюмаш дар масофаи то ноҳияи Тоҷикобод бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Дар марҳилаи сеюми он дар ҳудуди ноҳияҳои Тоҷикободу Ҷиргатол бо харҷи 262 миллион сомонӣ азнавсозии 114 км роҳ, 9 пули мавҷуда ва сохтмони 3 пули нав дар нақша аст. Дар давраи татбиқи марҳилаи сеюми ин лоиҳа 500 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд, ки 200 нафарашон аз аҳолии маҳалӣ аст. Дар марҳилаи дуюми он айни ҳол 270 нафар машғули кор мебошанд, ки 100 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод мулоқотҳои судбахш бо собиқадорони ҷангу меҳнат доир намуда, дар маросимҳои тантанавии ба истифода супурдани бинои нави шӯъбаи ноҳиявии «Тоҷиксуғурта» ва бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуд ва аз Маркази фарҳангии ҷавонон дидан кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Октябрь 3, 2008 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад