САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ҶАШНИ 60-СОЛАГИИ ДДМТ
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр, Пайрав Назаров). — Имрӯз, 24 октябр 60-солагии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бинои асосии донишгоҳ, ки ба пешвози ин ҷашн таъмиру таҷдид шуда буд, дидан намуд. Дар бинои асосии донишгоҳ сарвари давлат нахуст аз маркази интернетӣ, китобхонаи электронӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳ дидан намуда, бо донишҷуёни дар ин китобхонаҳобуда сӯҳбати ошкоро доир намуд. Сарвари далат Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёнро бовар кунонд, ки имрӯз тариқи хешутаборбозӣ ё роҳҳои дигар ба сари вазифа омадан қариб пурра аз байн рафтааст ва Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳо ниёз дорад. Аз ин рӯ, бояд дар тамоми макотиби олии кишвар сатҳи таълиму тарбия бо сифати наву баланд ба роҳ монда шуда, донишҷӯён низ масъулияти хешро дарк намоянд, то дар оянда ба давлату ватани хеш содиқона хизмат кунанд. «Ҳамин нуқтаро махсус таъкид мекунам, ки бе донистани таърихи гузашта, дарки авзои имрӯза ва дурнамои оянда мутахассиси варзида шудан ғайри имкон аст», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон. Маврид ба зикр аст, ки дар китобхонаи электронӣ 42 ҳазор нусха ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ қариб як миллион китобҳои гуногунсоҳа маҳфуз аст. Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба корпусҳои дар мавзеи «Шаҳраки донишҷӯён» будаи ДДМТ ташриф оварда, дар ин мавзеъ бинои хобгоҳи № 6-ро расман ба истифода дод. Хобгоҳи мазкур аз 9 ошёна иборат буда, дорои 386 ҳуҷра барои 1038 нафар муаллимон ва донишҷӯёни ДДМТ пешбинӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки бинои хобгоҳи мазкур дар муддати як сол сохта пурра ба итифода дода шуд. Дар «Шаҳраки донишҷӯён», ки масоҳати умумияш 82 гектарро ташкил медиҳад корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла корпусҳои нав ва дигар биноҳои маъмурӣ барои донишҷӯён идома дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки чорабинии асосии 60-солагии ДДМТ имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Сарвари давлат баргузор мегардад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






