Ш. САМИЕВ: «КУШИШ МЕКУНЕМ, КИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНИ ВАЗНИН НАШАВАД…»
Душанбе, 28 октябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар нӯх моҳ дар нерӯгоҳҳои тобеи Ширкати «Барқи тоҷик» наздики 11,5 миллиард кВт соат нерӯӣ барқ истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда бо сабабҳои камобӣ нисбат ба нӯҳмоҳаи соли 2007 ба миқдори 1,8 миллард кВт соат кам мебошад. Истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои ширкат нисбат ба истеҳсол дар нӯҳмоҳаи соли 2007 дар силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб ба -88,7, Бойғозӣ ба 89, Норак-87, Қайроқум ба 73, силсилаи НБО-ҳои Вахш-82 ва дар Маркази барқу гармдиҳии ш.Душанбе- 100,2 фоизро ташкил доданд, гуфт дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев. Мавсуф зикр намуд, хамчунин дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин дара соли 2007 бо назардошти хариди нерӯи барқи НОБ-и Сангтӯда-1, воридоти барқ ба Шабакаҳои барқии Ҷумҳурӣ 1 миллиарду 210 миллион кВт соат афзоиш ёфтааст. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо доир ба омодасозии соҳаи энергеткии чумҳурӣ ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2008-2009 ба миқдори 30 миллион сомонӣ фонди таъмирӣ ва 12,6-миллион сомонӣ фонди сохтмони асосӣ аз худ карда шудаанд. Дар соҳаи электроэнергетикаи ҷумҳури оидӣ ҷалб намудани инвеститсияҳои хориҷӣ бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди соҳа бо маблағи зиёда аз 1,5 миллирад доллари ИМА шартномаҳои ҳамкорӣ ва қарордодҳо ба имзо расидаанд ва татбиқи онҳо ба роҳ монда шудааст. Ширкат ба барқарорсозӣ ва модернизатсияи неругоҳҳои барқӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Давраи зимистонгузаронии солҳои 2008-2009 ҳам вазнин омада истодааст. Бо сабаби камобии сол мо имконият пайдо накардем, ки дар обанбори Норак то сатҳи пуррагӣ об захира намоем. Дар аввалҳои моҳи сентябр сатҳи об 902 м.-ро ташкил медод, ки ин нисбатан ба ҳамин давраи соли 2007 8 метр ва мутаносибан нисбат ба ҳарсола захираҳои обӣ-энергетикӣ зиёда аз 800 миллион кВт соат камтар мебошад. Ҳамчунин агар ҳаҷми вориднашудаи барқро дар моҳи сентябр аз Туркманистон ба ҳаҷми ба нақша гирифташуда -150 -200 миллион кВт соат ба инобат гирем, пас давраи зимистогузарониро, ки расман аз 1 октябр оғоз меёбад, мо бо норасоии тақрибан як миллиард кВт.соат нерӯи барқ «пешвоз» гирифтем, қайд кард дар хотима Ш.Самиев.