ШИРГ ЧАРОҒОН МЕШАВАД
Хоруғ, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Дар нерӯгоҳи барқи обии деҳаи Ширги ноҳияи Дарвози ВМКБ корҳои кафшеркунӣ ва васлкунии таҷҳизот идома дорад. Тавоноии нурӯгоҳ 1300 кВт буда, то фарорасии фасли сармо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Корҳои сохтмони истгоҳи нави барқӣ дар деҳаи Ширг бо фармоиш ва маблағгузории ҶСХ «Барқи тоҷик» ба зимаи сохтмончиёни шаҳри Худҷанд гузошта шудааст. Дар шароити ВМКБ, ки аксар деҳаҳои аҳолинишин аз ҳамдигар дар масофаи дур воқеанд, таъмини мӯътадили нерӯи барқ танҳо тавассути истгоҳҳои хурди барқӣ имконпазир аст. Дар Ширкати барқии «Помир» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тай 2 соли охир истгоҳҳои хурди барқӣ дар деҳаҳои Вишхарв ва Поимазори ноҳия Ванҷ, Баҳрдара, Лангар ва Вомари ноҳияи Рӯшон, Вездараю Тусёни ноҳияи Рошқалъа, Ёгеди ноҳияи Дарвоз ва Сохчарви ноҳия Шуғнон мавриди истифода қарор дода шуданд. Бояд гуфт, ки ҳаҷми истеҳсолии нерӯи барқи истгоҳҳои хурди барқии вилоят 2,5 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад. Шумораи умумии чунин истгоҳҳо дар ҳудуди вилоят ба 35 адад расидааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






