СОХТМОНИ БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА ДАР МАҲАЛЛАИ ЗАРАФШОН
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Рӯзи якшанбеи 5 октябр дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохтмони 12 бинои баландошёна шурӯъ шуд. Ин биноҳоро ташкилотҳои бинокории «Пойтахт» , «Мовароуннаҳр» ва «Бинокор-К» месозанд. Сардори Раёсати сохтмони умумии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҳакимҷон Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ошёнаҳои аввали биноҳои мазкур муассисаҳои тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ва ғайра ҷой дода мешаванд. Баъди ба истифода додани онҳо теъдоди зиёди одамон бо кор таъмин хоҳанд шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






