СОКИНИ НОҲИЯИ ҲИСОРРО БА ИВАЗИ 5 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТАНД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони милиса сокини шаҳри Истаравшан Гулнора Юсуфоваро ба фурӯши одамон гумонбар шуда дастгир намуданд. Аз рӯи натиҷаҳои тафтиши пешакӣ маълум шуд, ки Г. Юсуфова сокини ноҳияи Ҳисор Тоҷиддин Холиқовро фиреб карда, ба ӯ ваъда додааст, ки номбурдаро ба Туркия бурда бо кори серпул таъмин намояд. Г.Юсуфова ба Т.Холиқов гуфтааст, ки дар Туркия ширкати хусусӣ дорад ва ӯ дар ҳамон ширкат кор мекунад. Одамҷаллоб Т.Холиқовро ба Туркия оварда, ҳуҷҷатҳои ӯро гирифта, ба ивази 5 ҳазор доллари ИМА ба як ширкати бинокорӣ фурӯхтааст. Айни ҳол аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






