СОЛИ 2009 РУЗҲОИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕШАВАД
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Соли 2009 дар доираи 10-солагии ба имзо расонидани санади паймони бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербурги Русия дар пойтахти Тоҷикистон -шаҳри Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург гузаронида мешавад. Ин ташаббусро раиси Кумитаи шуғли аҳолии Ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург Павел Понкратов зимни мулоқоташ бо раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кард. Дар мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкории бародаршаҳриро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Масъалаи ҳимояи хифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳри Санкт-Петурбург кору фаъолият доранд, дар маркази таваҷҷӯҳи ҷонибҳо қарор дошт. Зикр шуд, ки ҷиҳати рушди муносибатҳои бародаршаҳрӣ ҳар ду ҷониб омода аст, ки таҳияи барномаю санадҳои дахлдорро ба роҳ монанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






