ТАҶЛИЛИ 40- СОЛАГИИ ҲАФТАНОМАИ «ВЕЧЕРНИЙ ДУШАНБЕ»
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 6 октябр дар Қасри «Пойтахт» бахшида ба 40- солагии нашри шумораи аввали ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» ҷамъомади серодам баргузор гардид. Ҷамъомад таҳти унвони «Шаҳри ҷавонии мо» гузаронида шуд. Дар он намояндагони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва хонандагону мухлисони сершумори ҳафтанома иштирок намуданд. Аз номи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба кормандони ҳафтанома Екатерина Пасторова, Насиба Юсуфова, Ҷамила Ҳусейнова, Гулнора Амиршоева ва дигарон унвони ифтихории «Аълочии фарҳанг» ва нишони сарисинагӣ супорида шуд. Инчунин вазорату идораҳои гуногун ба кормандони ҳафтанома мукофотҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод намуданд, ки ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе» ҳар рӯз нашр карда, дастраси хонандагон гардонида шавад. Дар фарҷоми ҷамъомад ҳунармандони дастаҳои ҳунарии «Гулшан», «Зебо» ва ғайра хотири ҳозиронро шод гардонданд.








Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид






