ТАВСИЯИ ОЛИМОН

Октябрь 29, 2008 10:54

               Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи зироаткорӣ доир ба рӯёнидани ду ҳосил ва истифодабарии заминҳои обӣ китобчаеро таҳти унвони «Тавсияҳо доир ба рӯёнидани ду ҳосили зироатҳо ва истифодабарии самараноки заминҳои обӣ» аз чоп бароварданд.   Дар китобча муаллифон — аъзои Академияи илмҳои кишоварзӣ профессор, Аҳмадов Ҳ.М., узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон профессор Бухориев Т.А., доктори илмҳои кишоварзӣ Саидов СТ. ва дигарон дар бораи дар шароити Тоҷикистон имконияти дар як сол гирифтани ду ҳосили дон ва имкониятҳои воқеии зиёд намудани маҳслоти кишоварзӣ аз ҳисоби истифодаи самараноки заминҳои обӣ тавсияҳои муфид додаанд.              Дар сурати дастрас шудани ин тавсияҳо ба мутахассисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерҳо ва иҷоракорон донишу малакаи худро дар бораи рӯёнидани ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагӣ аз кишти такрорӣ, мӯҳлати кишти асосӣ ( тирамоҳӣ), истифодаи навъҳои пешпазаки зироатҳо пурра карда метавонад.              Китобча чун дастури методӣ на фақат барои кишоварзон, балки ҳамчун дастури ёрии методӣ барои донишҷӯёни донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ҳам аз аҳамият холӣ нест.

Октябрь 29, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид