«ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА» ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ «ТОҶИКИСТОН» ТАҲИЯ МЕНАМОЯД

Октябрь 14, 2008 12:13

              Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шӯъбаи дубляжи Муассисаи давлатии «Телевизони Сафина» аз оғози соли 2008 то ба имрӯз 17 филми бадеӣ, 19 филми мустанад ва 8 филми тасвирӣ бо сифати баланди касбӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Маҳмадсаид Пиров 14 октябр иброз дошт.               Ӯ афзуд, ки бахшида ба 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ филмҳои бадеии «Қисмати шоир» ва «Дохунда» тарҷума ва дубляж карда шуданд. Дар маҷмӯъ, филмҳои дубляжшуда 44 соату 50 дақиқаро ташкил медиҳанд. Инчунин, таҳия ва банаворгирии филми «Қиссаи орзуҳои осмонӣ» аз рӯи асари нависандаи маъруф Холмурод Шарифов, ки инъикосгари ҳаёти имрӯзи мардуми тоҷик ва тарғибгари инсондӯстию меҳанпарастӣ мебошад, дар таҳияи коргардон ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев анҷом ёфт.               Қобили қайд аст, ки бо мақсади ба таври пурра фарогирии пахши барномаҳои «Телевизиони Сафина» дар қаламравӣ ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд. Дар соли 2009 Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо ин мақсад маблағгузориро ба корхонаи «Тлелерадиоком» ба 76 фисад зиёд намуд, дар соли 2009 пахши барномаҳо ба 100 фисад расонида хоҳад шуд.              «Бо дарки масъулияти баланд дар назди ҷомеа, бо назардошти завқи бинандагони ватанӣ ва хориҷи кишвар, аз ҷониби аҳли эҷоди «Телевизиони Сафина» таҳияи як қатор намоишу барномаҳои ҷадиди инъикоскунандаи бахшҳои алоҳидаи ҷомеа ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бо мақсади муаррифии бештари фарҳанги миллати куҳанбунёдамон ба ҷаҳониён муассиса тасмим гирифтааст, ки филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон»-ро таҳия намояд. Ба ин хотир, барои таълифи сенарияи мукаммал дар бораи Тоҷикистон бо фарогирии тамоми паҳлӯҳои арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ озмун эълон шудааст, ки то 25 декабри соли равон идома меёбад»,- тазаккур дод дар фарҷом Маҳмадсаид Пиров.  

Октябрь 14, 2008 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад