ТУХМӢ АЗ ФОНДИ БОЗГАШТ
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Аз Маркази матбуот ва иттилоти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ аз фонди бозгашти гандуми тухмӣ, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 47 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бо мақсади амалӣ гардонидани сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фармони Вазорати кишоварзӣ оид ба харидорӣ намудани гандуми тухмии киштбоби ватанӣ аз ҳосили соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ин миқдор захираи тухмӣ имкон медиҳад, ки соли ҷорӣ дар майдони 200 ҳазор гектар кишти гандуми тирамоҳӣ гузаронида шавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






