ТУЙИ АРУСИИ 120 ҶУФТ ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕ

Октябрь 17, 2008 15:40

             Душанбе, 17 октябр.(Марзия Саидова).-22 октябр дар Мӯҷтамеи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт маросими ботантанаи тӯйи арӯсии 120 ҷуфт ҷавонони шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои иҷтимоии Тоҷикистону Эрон гузаронида шуда, ба навхонадорон ба маблағи беш аз 3 ҳазор сомонӣ ҷиҳози рӯзгор тақдим карда мешавад.            Бояд тазаккур дод, ки чунин тӯйҳои арӯсии фарзандони оилаҳои камбизоат дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон маротибаи чорум аст, ки гузаронида мешавад. То ин вақт дар доираи маросимҳои издивоҷ 650 ҷуфт оила барпо кардаанд. Тибқи нақшаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон бояд ҷашни издивоҷи 1000 ҷуфт ҷавонон барпо карда шавад.

Октябрь 17, 2008 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид