ЗАДУХӮРДҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

Октябрь 2, 2008 15:11

Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Марзбонони Сарраё-сати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯзи охир дар минтақаи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашъаҷаллобони афюн шаш маротиба задухӯрди мусаллаҳона карда, зиёда аз 471 килограм маводи на-шъадорро мусодира намуданд. Аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, рузҳои 16 ва 23 сентяб-ри соли 2008 дар минтақаи Шӯрообод сарҳадбонон кӯшиши ба Тоҷикистон ворид со-хтани 252 килограм маводи нашъадорро барбод доданд. 17 сентябри соли 2008 дар яке аз минтақаҳои сарҳадии ноҳияи Панҷ сарҳадбонони тоҷик дар натиҷаи амалиёти фаврӣ аз шаҳрвандони афғон Султонмаҳмад валади Гулу-хон ва Рафиқ валади Шервалӣ 15 килограм афъюнро мусодира карданд. 28 сентябри соли 2008 хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати кушунҳои сарҳадии Ку-митаи давлатии амнияти миллӣ се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Одина-мад Закотов, Карим Холов ва Аҳмад Азимовро дастгир карданд. Қочоқчиёни дигар ба сарҳадбонони тоҷик муқобилати сахти яроқнок нишон дода, ба самти Афғонистон фи-рор карданд. Дар натиҷаи ин амалиёт 204 килограм маводи нашъаовар мусодира карда шуд. Дар давоми соли 2007 дар минтақаҳои гуногуни сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 12 зудухӯрди мусаллаҳона ба қайд гирифта шуда буд. Аз аввали соли 2008 то имрӯз 15 задухӯрди мусаллаҳона бо нашъаҷаллобон ба қайд гирифта шуд. Дар давоми 9 моҳи соли 2008 дар минтақаи сарҳади давлатӣ беш аз 1 тоннаю 300 килограм маводи нашъа-дор мусодира карда шуд. Дар мусодираи ин миқдор маводи марговар кӯмаку дастгирии аҳолии маҳалли ба сарҳадбонон хеле назаррас мебошад.

Октябрь 2, 2008 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад