ЗАМИНҲОИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси ҷамоати «Деҳқонобод»-и ноҳияи Ҳисор Шералӣ Каримов, дар соли ҷорӣ ҳар як ваҷаб «заминҳои президентӣ» зери назорат гирифта шуд. Дар ҷамоати номбурда, 5 хоҷагии деҳқонӣ ва 3 ҳазору 900 хоҷагиҳои шахсӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот 92 гектар «заминҳои президентӣ» ба хоҷагиҳои шахсӣ тақсим карда дода шуданд, ки аз ин 70 гектарашон заминҳои обӣ мебошанд. Аз кишти такрории 59 гектари ин заминҳои ҷамоати номбурда, 160 тонна картошка, 90 тонна дони ҷуворимакка, 24 тонна шолӣ ба даст оварда шуд. Фаъолият дар заминҳои президентӣ зери назорати ҳокимияти маҳаллӣ гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






