ЗИДДИСУХТОРИИ СУБЪЕКТҲОИ ПОЙТХАТ АЗ ҶОНИБИ ПРОКРАТУРАИ ШАҲР САНҶИДА МЕШАВАД

Октябрь 13, 2008 16:10

                Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).- Масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳалли баъзе проблемаҳои ҳаёти хоҷагии пойтахт дар ҷаласаи васеи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки 11 октябр таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                Дар ҷаласа Раиси шаҳр бо хулоса аз сӯхтори дар бозори «Шоҳмансур» ба амал омада ва аз фаъолияти анҷомдодаи хадамоти оташнишонӣ ва иҷрои корҳои профилактикӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар тамоми иншооту субъектҳои хоҷагидорӣ чӣ аз ҷониби масъулини хадамоти оташнишонӣ ва чӣ аз тарафи роҳбарони корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард.                М. Убайдуллоев бо таассуф, зикр сохт, ки бо вуҷуди дар сатҳи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ ва қабул намудани санадҳои дахлдор ҷиҳати беҳбудбахшии вазъи зиддисӯхторӣ дар пойтахт, маҳз аз бемасъулиятии роҳбарони субъектҳо бобати иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва амрномаҳои хадамоти оташнишонӣ ҳодисаҳои ба амал омадани сӯхтор дар шаҳр афзоиш меёбад. Дар пойтахт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳодиса бештар рух додааст. Ин ҳолат моро водор месозад, ки аз ҳар шахси масъул ва роҳбар ба таври қотеъона риоя кардани талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар ташкилоту муассисаҳо талаб намоем, афзуд М. Убайдуллоев.               Ҷавобан ба дархости сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе полковник Раҳмон Исмоилов оид ба мусоидат кардан дар рафъи беэътиноиҳои масъулини ташкилоту муассисаҳо бобати иҷрои амрномаҳои дахлдори хадамоти ташкилу таъмини чорабиниҳои зиддисӯхторӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ то ба ифоқа овардани ҳолати зиддисӯхторӣ фаъолияти дилхоҳ субъекти хоҷагидори пойтахт баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон манъ дошта шуда, чораҳои сахти пешбининамудаи қонунгузорӣ татбиқ карда шавад.              Ҳамзамон, раиси шаҳр дар ҷаласа таваҷҷӯҳи роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ректорони донишгоҳҳои олӣ ва имомхатибони масҷидҳоро ба масъалаи мазкур ҷалб намуда, талаб кард, ки бо эҳсоси баланди масъулияти вазифавӣ риояи қоидаҳои зиддисӯхторро дар биною иншооти зертобеяшон таъмин созанд.            Дар ҷаласа Қарор қабул гардид, ки ҳолати зиддисӯхтории тамоми субъектҳои хоҷагидор дар пойтахт аз ҷониби прокуратураи шаҳр бо ташкили комиссияи босалоҳияти муштарак, ки дар ҳайати он намояндагони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сохторҳои масъули шаҳрию ноҳиявӣ шомиланд, дар мӯҳлати як моҳ мавриди санҷиши иловагӣ қарор дода шуда, иншооти ғайриқонунӣ бунёдшуда ва ба фаъолияти хадамоти оташнишонӣ халалрасон дар ҳудуди шаҳр бартараф карда шавад.            Дар ҳамин радиф шабакаҳои барқии шаҳр вазифадор карда шуд, ки иншооти мутааллиқ ба Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳрро бо хатҳои барқии озод ба таври доимӣ таъмин намоянд.  

Октябрь 13, 2008 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд