106 ҲАЗОР СОМОНӢ ЗАРАРИ ЗАМИНЛАРЗАИ ТАВИЛДАРА

Ноябрь 17, 2008 11:28

Душанбе,  17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз  17 то 31- уми октябри соли ҷорӣ мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқибатҳои заминҷунбии шаби 13 — уми октябр  дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара аз муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳия дидан намуданд.         Бино ба маълумоти мутахассиси пешбари Шӯъбаи ҳолатҳои  фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ  Низомиддин  Иброҳимов,  бар асари офати  табиӣ-заминларзаи шаби  13 — уми октябри соли 2008 биноҳои шўъбаҳои  беморхонаи марказӣ ва бинои маъмурии Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии ноҳияи Тавилдара қисман зарар дидаанд. Беморхонаи марказӣ аз 5 шўъба иборат буда, ғайр аз бинои шӯъбаи ҷарроҳӣ, ки соли 2006 сохта шудааст, дигар шӯъбаҳо зарари калон дидаанд. Шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ки нав таъмир шуда буд,  дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Бинои Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии ноҳия аз 2 ошёна иборат буда, дар қисми чапи беруни бино ва дар  қисми дарунии он таркишҳои зиёд ба амал омадааст. Аз тарафи комиссияи муштарак оид ба  ҳаҷм ва маблағи зарар санад тартиб дода шуда, онро  раиси ноҳия — раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тавилдара тасдиқ кардааст. Мувофиқи санади комиссия, маблағи зарар дар беморхонаи марказӣ 73   ҳазор сомонӣ ва дар  Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологӣ 30  ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ноябрь 17, 2008 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд