ҚОНУНҲОИ ИНТИХОБОТИИ ТОҶИКИСТОН ТАҒЙИР МЕЁБАНД?
Душанбе, 29 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Алҳол пешниҳоди гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» дар Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии палатаи поёнии парлумони мамлакат мавриди омӯзиш қарор дорад». Чунин гуфт вакили Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ Муҳибулло Шарифов дар нишасте, ки дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ доир шуд. Дар нишаст кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, парлумон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии мамлакат, аҳзоби сиёсӣ, коршиносон ва гурӯҳои корӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои гуногуни баргузор намудани интихоботи шаффоф, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқҳои интихобкунандагон ва нозирони миллию байналмилалӣ ибрози назар карданд. Зикр шуд, ки чун Тоҷикистон хусусияти демократиро дорост, интихоботҳои он бояд хусусияти демократӣ дошта бошанд. Зеро интихоботҳо дар сарҷамъ шудани ҷомеа, ба вуҷуд овардани элитаи ягонаи сиёсӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати Ҳукумати мамлакат нақши муассир мегузоранд. Аз ин рӯ, таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунҳои марбут ба интихоботи кишвар дар замони муосири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ қадами муҳим аст. Бояд зикр кард, ки гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати баррасии қонунҳои зикргардида дар асоси барномаи расонидани кӯмак барои ташкил намудан ва гузаронидани интихоботи шаффоф, ки аз ҷониби Фонди байналмилалии системаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад, ташкил карда шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






