ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛОТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Ваҳдат, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Анвари Вайсидин, дар нӯҳ моҳи соли 2008 бо назардошти сектори хусусӣ, дар ноҳия ба маблағи 29 миллиону 170 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 6 миллиону 805 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 30,4 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташудаи тавлидкунандаи молҳои саноатӣ ба маблағи 16 миллион 379 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр карда шудааст, ки ин баробари 107,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5 миллиону 288 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давоми нӯҳ моҳ аз тарафи корхонаҳои мазкур ба маблағи 22371 ҳазор сомонӣ маҳсулот ба фурӯш бароварда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ба 4 миллиону 633 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






