ҲАЛОКАТИ САРБОЗ

Ноябрь 29, 2008 12:32

                  Қӯрғонтеппа, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар вилояти Хатлон воқеаи нохуш рух дод. Аскари қатории яке аз қисмҳои ҳарбии дар ноҳияи Ҷомӣ ҷойдодашуда Ибодулло Мираков зимни фиристодани аскарон барои муоинаи тиббӣ ба шифохонаи низомии шаҳри Душанбе худро аз мошин партофт. Вай дар натиҷа сахт маҷрӯҳ гашта, ба шифохона фиристода шуд. И. Мираков баъдан дар шифохона вафот кард.                  Корманди прокуратураи гарнизони Қӯрғонтеппа Шӯҳрат Бадалов ба АМИТ «Ховар» хабад дод, ки ин воқеа тафтиш карда мешавад. И. Мираков 22 октябр аз ноҳияи Бохтар ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст ва маълумоти олӣ дорад. Ш. Бадалов зикр кард, ки ин воқеа ба муносибатҳои байни хизматчиёни ҳарбӣ ва зуҳуроти зӯроварӣ вобаста нест. Сабабҳои он дар натиҷаи тафтиш муайян карда мешаванд.

Ноябрь 29, 2008 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид