ҲИЛОЛИ АҲМАР БА СОКИНОНИ МУРҒОБУ ИШКОШИМ ДОРУ ДОД
Хоруғ, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додоев). — Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ бо сармоягузории Бонки исломӣ ба нафарони яккаву барҷомонда ва ятимон кӯмак расонд. Тавре раиси бахши бадахшонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ВМКБ Имомалибек Қиёмбеков иттилоъ дод, кӯмак дар навоҳии Роштқалъа, Дарвоз, Ишкошим, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ ба 781 нафар расонда шудааст. Ба Бадахшон 23 тоннаю 610 кг орд, 3935 литр равған, 3935 марҷумак, 3935 кг шакар ворид гардид. Ба ҳар як ниёзманд 30 кг орд, 5 литр равған, 5-килограммӣ шакару марҷумак тақсим карда шуд. Инчунин, ба ниёзмандони навоҳии Мурғобу Ишкошим 43 намуд доруворӣ тақсим карда шуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






