ҲИНДУСТОН СЕРАҲОЛИТАРИН КИШВАРИ ҶАҲОН МЕШАВАД?

Ноябрь 14, 2008 10:55

           Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши шумораи аҳолӣ миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи аввалро ишғол мекунад.                       Дар гузориши ба тозагӣ интишорнамудаи Бунёди нуфузи СММ пешгӯӣ шудааст, ки то соли 2050, ҳамасола аҳолии Тоҷикистон якуним дарсад афзоиш хоҳад ёфт.                      Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ нишондоди пасттарин оид ба тағйири шумораи аҳолӣ дар Молдова ба қайд гирифта шудааст.                       Гуфта мешавад, ки то соли 2050 теъдоди аҳолӣ дар сартосари ҷаҳон якуним баробар зиёд гардида, ба 9 миллиарду 200 миллион нафар хоҳад расид.                      Мувофиқи пешгӯии СММ, камтар аз ним аср баъд Ҳиндустон аз лиҳози афзоиши шумораи аҳолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш гузашта, унвони сераҳолитарин кишвари оламро касб мекунад.                     Бояд зикр намуд, ки айни замон Ҳиндустон 1 миллиарду 200 ҳазор ва Чин 1 миллиарду 300 ҳазор нафар аҳолӣ доранд.  

Ноябрь 14, 2008 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид