ҲОЛАТИ БАДИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО ВА НОРАСОИИ КАДРҲО
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзӣ иброз доштанд ки дар самтҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ муаммоҳо зиёданд.Ин муаммоҳо садди роҳи пешрафти соҳа ва ҳалли масоили чорабиниҳои агротехникию зооветеринарӣ мегарданд. Механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи пахтакорӣ ҷорӣ карда шуда аст, вале масъалаи қарзи хоҷагиҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Норасоии доруҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо ба пешрафти соҳа халал мерасонанд. Дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ мутобиқ намудани маълумоти омории кишоварзӣ, ҳолати бади мелиоративии заминҳо, норасоии тухмиҳои хушсифат ва кадрҳои таҷрибадори соҳа аз омилҳое мебошанд, ки таъсири манфии худро ба рушди соҳа мерасонанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






