ҲОМИИ ҚОНУН БАРОИ ГИРИФТАНИ РИШВА ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони прокуратураи ноҳияи Хуросон корманди калони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрии ҷумҳурӣ Мавлонназар Шерназаровро ба гирифтани ришва ба маблағи 100 доллари ИМА гумонбар шуда, дастгир намуданд. Аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки М. Шерназаров зимни иҷрои вазифаи хизматиаш ба муовини собиқи Комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон Муҳаммадӣ Алимардонов пешниҳод кардааст, ки барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба ӯ ба маблағи 100 доллари ИМА ришва диҳад. Аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд ва тафтиши он давом дорад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






