ҶАЛАСАИ VI-УМИ КОМИССИЯИ БАЙНИҲУКУМАТӢ БА ИТМОМ РАСИД
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова»). — Аз 4 то 5 — уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи VI-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба иқтисод доир гардид. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2009-2011 ҷиҳати амалисозии Барномаи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расидааст. Инчунин, дар доираи ҷаласа маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҷалби сармояҳо ба иқтисоди кишварҳо, маблағгузории муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои соҳибкории хурду миёна, ҳифзи муҳити зист ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






