ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕ АЛАЙҲИ СПИД МУБОРИЗА МЕБАРАНД

Ноябрь 29, 2008 11:49

              Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 1-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди СПИД-ро қайд менамоянд.             Дар остонаи ин сана дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони Душанбе бар зидди СПИД мубориза мебаранд» амалиёти якмоҳа гузаронида шуд, ки он 1-уми декабр ҷамъбаст мегардад.            Тибқи иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов, дар доираи амалиёти якмоҳа дар донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, марказҳои кӯдакон чорабиниҳои гуногуни тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд.             Зимни сӯҳбату вохӯриҳо бо ҷавонону наврасон масоили нашъамандӣ ва оқибатҳои он, солиму тандурст нигоҳ доштани ҷомеа ва муборизаи ҷомеа бо вабои аср- СПИД матраҳ гардиданд. Инчунин, викторинаҳо, намоишҳои театрикунонидашуда ташкил ёфта, миёни ҷавонон ва наврасон китобчаҳо ва ҳар гуна навиштаҷот доир ба нашъамандӣ ва пешгирии оқибатҳои он паҳн карда шуд.            Амалиёти якмоҳаи «Ҷавонони Душанбе бар зидди СПИД мубориза мебаранд» бо дастгири намояндагии Созмони байналмилалии CARE INTERNATIONAL дар Тоҷикистон гузаронида шуд.  

Ноябрь 29, 2008 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид