ҶЕЙКОБСОН: «ДАСГИРИИ АҲОЛӢ БА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ МУСОИД АСТ»

Ноябрь 4, 2008 16:50

             Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баҳри дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии Тоҷикистон 600 тонна тухмии хушсифати гандумро бо нархи нисбатан арзон, қариб якбаробар аз бозорҳои дохилӣ арзон дастрас намояд.             Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷекобсон бо мақсади иштирок дар маросими тақсими марҳилаи аввали ин тасмим ба ноҳияи Шаҳритус ташриф овард. Дар ин ноҳия 120 тонна тухмии хушсифати навъи «краснодарское 99»-и гандум ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ниёзманд бо нархи 3 сомонию 70 дирам тақсим гардид. Ҷейкобсон дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки бо дарназардошти зимистони вазнини соли гузашта ва боло рафтани нархи маводи хӯрока дар Тоҷикистон Сафорати ИМА дар Душанбе бо мақсади кӯмак ба аҳолии Тоҷикистон 3,5 миллион доллари амрикоӣ кӯмак расонид. Имсол, бо ин мақсад 6 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст, ки 700 ҳазор доллари амрикоии он барои таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ниёзманд бо тухмии хушсифати гандум ҷудо карда шуд.Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдом дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷиликӯл ва ноҳияҳои тобеи марказ низ сурат гирифта, дар баробари ин моҳи феврали соли ҷорӣ овардани 800 тонна карбонит дар назар дошта шудааст.  «Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти кишоварзӣ барномаҳои мухталиф дорем ва дар ин самт барномаи ҷадиде низ ба наздикӣ таҳия мешавад, ки баҳри дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва озодии деҳқонон равона шудааст», — тазаккур дод Сафири ИМА дар Тоҷикистон. Ҷейкобсон афзуд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар қатори барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, ҳарбӣ ва ғайра маблағгузорӣ мекунад. Бахусус, дар барқарорсозии мавзеъҳои таърихӣ, кӯмак баҳри рушди таълиму тарбия ва азнавсозии нуқтаҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз ҷумлаи инҳоянд. «Тазаккур додан ба маврид аст, ки Сафорати ИМА дар Душанбе таваҷҷӯҳи бештарро ба маблағгузории самти дастгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон нигаронидааст, чун ки дасгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ба рушди устувори ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад», — гуфт дар хотима Ҷейкобсон.

Ноябрь 4, 2008 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд