ҶОМЕА ДАР ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН БЕТАРАФ НЕСТ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бахшида ба 19-умин солгарди қабули Аҳдномаи ҳуқуқи кӯдак пагоҳ дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи нақши сохторҳои идоракунии маҳаллӣ дар амалисозии барномаҳои қабулгардидаи беҳсозии ҳаёти кӯдакону ҷавонон мизи мудаввар доир мегардад. Дар он намояндагони сохторҳои кор бо ҷавонон, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдакони шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон иштирок менамоянд. Иштирокчиёни нишаст масъалаҳои марбут ба беҳдошти ҳаёти кӯдакон ва ҷавонон, аз ҷумла ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, ба таҳсил ҷалб кардани онҳо, ҳифзи сиҳатӣ ва аз хушунату зӯроварӣ ҳимоя кардани кӯдакону ҷавононро баррасӣ менамоянд. Чорабинӣ бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо намояндагии Бунёди кӯдакони СММ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






