ҶОРҶ КРОЛ: «МАҚСАДИ ИМА ДАВОМ ДОДАНИ «БОЗИИ КАЛОН» НЕСТ!»

Ноябрь 17, 2008 13:54

ХУЛОСАИ БАРОМАДИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА АФҒОНИСТОН: МАСЪАЛАҲО, ИМКОНОТ ВА ПЕШОМАДҲО»-И МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  Ҷорҷ А. Крол, муовини ёрдамчии Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказию Ҷанубӣ ш. Душанбе, Тоҷикистон 11-уми ноябри соли 2008Мӯҳтарам меҳмонону ҳамкорон, хонумону ҷанобон!  Ба шумо барои баромадатон дар мавзӯи барои кишвари ман ва тамоми мамлакатҳои минтақа асосию муҳим ташаккур мегӯям. Пеш аз он, ки баромадамро оғоз бахшам, мехостам ба ҷаноби Сӯҳроб Шарифов ва гурӯҳашон барои ташкил кардани ин конфронс дар Маркази тадқиқоти стратегӣ изҳори сипос намоям. Мақсади Марказ ҷалб намудани диққати ҷониби Тоҷикистон, давлатҳои ҳамсоя ва шарикони байналмилалӣ ба ташаккул додани манфиатҳои тарафайн ва ҳал кардани мушкилоти минтақа аст.  Муҳокимаи масоил, имконот ва пешомадҳо барои Афғонистон ва Осиёи Марказӣ рӯзмарра ва зарур аст. Аз лаҳзаи ба вазифаи муовини ёрдамчии Котиби давлатӣ таъин шуданам, ман якчанд маротиба дар Осиёи Марказӣ будам. Дар ҳар як кишваре, ки бо пешвоёнаш вохӯрдам, мавзӯи баҳс Афғонистон буд. Ҳама медонанд, ки тақдири тамоми кишварҳои ин минтақа ба ҳам пайвастагӣ дорад. Ҳама мефаҳманд, ки зиддият ва ноустуворӣ дар Афғонистон устувории тамоми минтақаро халалдор карда, роҳҳои тиҷоратро мебандад. Ҳамзамон, ҳама медонанд, ки сулҳу устуворӣ дар Афғонистон дар тамоми минтақа устувориро ба вуҷуд меорад ва ба муносибатҳои тиҷоратӣ роҳ мекушояд. Ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда мо метавонем ба якдигарфаҳмӣ ноил шавем ва барои ба ин мақсадҳо расидан қадами устувор гузорем. Аввалан ба ман иҷозат диҳед ба саволе посух гӯям, ки шояд дар майнаи бисёре аз шумо ҳам ҷой дошта бошад. Барои чӣ ИМА ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ дорад? Аз лиҳози ҷуғрофӣ ИМА дур ҷойгир аст ва кам чизе ҳаст, ки аз ҷиҳати таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодию сиёсӣ моро бо ин минтақа пайванд намояд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ИМА танҳо мехоҳад дар ин минтақа бо ғурури императории худ ҳукмфармо бошад, ё мехоҳад захираҳои энергетикиро назорат кунад, ё ғурури дигар абарқудратҳоро ба назар гирифта, мехоҳад «Бозии Калон»-ро идома диҳад. Ин фарзияҳо метавонанд барои навиштани мақолаи хуби хаёлӣ хизмат кунанд.  Танҳо ба хотири таъмин кардани бехатарии худ, ИМА мехоҳад, ки дар Афғонистон, умуман, дар Осиёи Марказӣ сулҳу устуворӣ бошад. Касе фаромӯш накардааст, ки ҳуҷум дар 11-уми сентябр ба Ню-Йорк ва Вашингтон аз ҷониби нафароне тарҳрезӣ шуда буд, ки дар Афғонистон паноҳгоҳ доштанд. Касе наметавонад содир шудани маводи мухаддирро аз Афғонистон инкор кунад. Таҳдиди Афғонистон ба соҳилҳои мо низ расид, ки ҳазорҳо мил дур аз ин ҷо воқеанд. Дар ҷавоб ба ин таҳдидҳо ИМА қувваи ҳарбиро истифода бурд. Аммо дар ҳамон ҳолатҳо мо миллиардҳо доллар барои бартараф намудани таҳдидҳо сарф кардем. ИМА дар Афғонистон кӯшиши гирифтани ҳокимиятро надорад ва дар Осиёи Марказӣ ҳукмронӣ карданӣ нест. Мо мехоҳем, ки Афғонистон марказ бошад, на панҷара барои тиҷорати қонунӣ, кишваре бошад, ки мардумашро хӯронда тавонад, на маводи мухаддир содир намояд. Дар ин маврид бо мамлакати ман тамоми кишварҳои абарқудрати минтақа, аз ҷумла Россия, Чин ва Эрон розиянд. ИМА кишварҳои ин минтақаро бозичаи «Бозии Калон» ҳисоб намекунад. ИМА ба ин мамлакатҳо чун ба кишварҳои мустақилу ягона менигарад, мамлакатҳое, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ мустақилона ташаккул ёфта метавонанд, на зери таҳдиди беруна ва фишори дохилӣ. ИМА кӯшиш мекунад, ки бо Афғонистон ва Осиёи Марказӣ ҳамчун шарик ҳамкорӣ намояд, на чун диктатор. Муносибати мо бо ҳар як давлат дар асоси манфиатҳои тарафайн, аз қабили сулҳу устуворӣ сурат мегирад. Ин арзишҳо новобаста аз он, ки кӣ президент мешавад, тағйир намеёбанд. Маълум аст, ки ИМА баъзан нисбати ҳодисаҳое, ки ба шаҳрвандони мо таҳдид мекунанд, эътирози тунд нишон медиҳад. Дар ҷавоб ба ҳуҷуми террористон дар 11-уми сентябр ба Ню-Йорк ва Вашингтон, мо бо кӯмаки ҷамъияти байналмилалӣ ва тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Эрон моҳи октябри соли 2001 дар Афғонистон ба муқобили Толибон ва Ал-Қоида муборизаро сар кардем. Баъди чанд ҳафта ба мақсадамон расидем – дар Афғонистон ташкилкунандаи ҳуҷум – Ал –Қоидаро нобуд сохтем. Баъдан, раванди дурударози барқарорсозии ин кишварро пеш гирифтем, ки 25 сол дар банди ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Аз ҳамон вақт инҷониб мо бо ҷамъиятҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҳамсарҳади Афғонистон ҳамкорӣ дорем, то ин ки дар ин кишвар бехатариро таъмин намоем ва ба Ҳукумати нави он кӯмак расонем, то тавонад барои шаҳрвандони худ шароити хуби зиндагиро фароҳам созад.  Дар 7 соли охир ИМА барои маълумотнок кардани кӯдакону ҷавонон ва расонидани кӯмаки тиббӣ ба мардуми ин кишвар миллиардҳо доллар ҷудо кардааст. Дар қатори ҳарбиёни НАТО сарбозони мо, марду зан дар ин кишвар муқобили терроризм мубориза бурда, қисми зиёди онҳо ҷонашонро аз даст доданд. Сарфи назар аз он, ки дар баъзе музофоти Афғонистон вазъият ноустувор боқӣ мондааст, дар ин кишвар тараққиёт ба мушоҳида мерасад, насли нав чизҳои навро меомӯзанд. Маблағгузории стратегии мо сабру таҳаммул ва дастгирии ҳамешагиро аз ҷониби ҳукуматҳои шумо талаб мекунад, аз ҷумла ёриҳои дастрасгардидаро дар Афғонистон. Ҳукумати нави ИМА кори худро барои пойдор намудани сулҳ дар Афғонистон ва давлатҳои ҳамсоя, ҳамчунин баҳри дастгирии рушди муносибати савдо байни давлатҳои минтақа идома медиҳад.  Имрӯз мо ба чӣ муваффақ гаштаем? Кадом масъалаҳои мушаххас дар назди мо истодаанд? Бо иҷозати шумо, аз масъалаи ҷолибтарин сар мекунем. Дар раванди кори стратегӣ ва васеъ намудани робитаҳои рушди савдо дар минтақаи Панҷи Поён кӯпрук ба маблағи 37 миллион доллар сохта шуд, ки сарҳади Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад. Дар соли 2002 барои таҳкими рушди иқтисодиёт дар минтақа, мо сохтмони кӯпрукро ба нақша гирифтем, ки шимолро ба ҷануб мепайвандад. Имрӯз баъд аз як соли кушодашавии кӯпрук муносибати тиҷоратии ин ду кишвари ҳамсоя се баробар афзуд. Сафоратхонаҳои мо дар Кобул ва Душанбе ҳамчун мусоидаткунандаи баргузории ду намоишгоҳ дар Қундуз гаштанд, то ин ки муносибатҳои дуҷонибаро таҳким бахшанд. Кушодашавии кӯпрук имконияти нави васеъро, аз қабили сайрхати байналмилалии Душанбе – Қундуз, ки аз 30 километрии сарҳади Афғонистон мегузарад, фароҳам овард. Дар моҳи августи соли равон Хадамоти гумруки Тоҷикистон як дидбонгоҳи нав дар назиди кӯпрук ба маблағи 6,5 миллион доллар бунёд намуд, ки сатҳи бехатарӣ ва амнияти сарҳади Тоҷикистонро боло мебарад. Сиёсати берунаи мо нисбат ба мамлакатхои Осиёи Марказӣ характери прагматӣ дорад ва ҳадафҳои аслии дуҷонибаи мо дар соҳаҳои таъмини бехатарӣ, рушди иқтисод ва ислоҳоти демократӣ якранганд. Дар мисоли Тоҷикистон мо пешравии ин ҳадафҳоро нишон медиҳем. Ба ин мамлакат зиёда аз 900 миллион доллари амрикоӣ аз давраи муносибатҳои дипломатии соли 1992 пешниҳод гардид. Тоҷикистон шарики боэътимоди Амрико дар мубориза бар зидди терроризм, фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва одамфурӯшӣ мебошад. Аз номи Ҳукумати ИМА ман мехостам минатдории худро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирӣ дар  амалиёти ҳарбии дастаҷамъӣ дар Афғонистон баён намоям. Аз аввал Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии фазои ҳавоии худро пешниҳод кард, ки он барои парешон кардани Ал- Қоида  ва Толибон дар соли 2001 ва вусъат ёфтани робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон мусоидат намуд. Хотираи ҷанги шаҳрвандии дарозмуддат дар Афғонистон хотираи равшанест дар бораи ҳаётан муҳим будани сулҳ дар ин кишвар, инчунин барои Тоҷикистон ва тамоми минтақа. Дар соли 2006 Амрико ҳамкориҳоро дар соҳаи амният пурзӯр намуда, манбаъҳои назаррасро пешниҳод намуд, то назорати сарҳадӣ, пурзӯр намудани имкониятҳои низоми мудофиа, таъмини интизом ва қатъ намудани яроқи қатли ом, таъмини дастгирии қонун мустаҳкам карда шавад. Сафоратхонаи мо 20 нафар коргари амрикоӣ ва тоҷикро барои кор кардан бо Ҳукумати Тоҷикистон дар барномаҳои якҷоя қабул намуд. Дар ду соли охир барои иҷро шудани барномаҳо дар самти таъминоти бехатарӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ,  Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 60 миллион доллар сармоягузорӣ карда шуд. Кӯшиши ҳамаҷонибаи рушди қонунии тиҷорат тавассути сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистон ба савдои ғайриқонунии маводи мухаддир мусоидат мекунад. Дар соли 2006 мо дидбонгоҳҳои сарҳадии Панҷи Поён ва пули  Шерхон Бандарро сохта, ба истифода додем. Мо ин нуқтаҳои гумрукӣ ва муҳоҷиратиро бо таҷҳизоти махсуси замонавӣ таъмин намудем, ки ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти сарҳадбонони тоҷику афғон дар самти тиҷорати қонунӣ ва сайёҳӣ кӯмак мекунанд. Дар Тоҷикистон дар соли 2008 мо се дидбонгоҳи сарҳадиро таъмир намудем ва ният аст, ки панҷтои дигарро низ таъмир намоем. Мо ба Академияи қушӯнҳои сарҳадӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ 4 миллион доллари ИМА сармоя равона намудем. Инчунин, 9 миллион доллари ИМА ба Маркази тренинги мубориза бар зидди гардиши маводи нашъаовар ва терроризм ҷудо намудем. Марказ дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ ва мақомоти таъмини бехатарии Тоҷикистон  амал хоҳад кард.  Густариши ин минтақа бояд дар самти таъмини амният ва рушди тиҷорат байни давлатҳои ҳамсоя ҳамоно боқӣ монад. Давлатҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш бар он доранд, ки интиқоли барқро ба Афғонистон зиёд намоянд, ки ин ба густариши иқтисодиёти Афғонистон мусоидат намуда, ба давлатҳои шарики иқтисодии он сармоя меорад. Дар соли 2007 Афғонистон ва Ӯзбекистон созишномаро оид ба интиқоли нерӯи барқ ба имзо расониданд, ки баъд аз барқарор кардани хатҳои интиқоли барқ то  моҳи майи соли 2009 интиқоли барқ шурӯъ хоҳад шуд. Қадами дигар дар ин самт сохтмони хатти интиқоли барқ аз Ӯзбекистон то сарҳади Афғонистон (арзишаш 19 миллион доллари ИМА), азнавсозии истгоҳҳои барқӣ дар Ӯзбекистон аст, ки дар интиқоли барқ ба Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Моҳи ноябри соли 2007 Қирғизистон, Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон оид ба амалӣ намудани нақшаи бозори тараққиёти энергетикии Осиёи Марказӣ (CASAREM) бо маблағи 500 миллион доллари ИМА созишнома ба имзо расониданд. Ҷараёни амалии он аз якчанд марҳила иборат аст. Ташкил намудани системаи ягонаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон ва амалӣ намудани интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ба давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути Тоҷикистон аз қабили онҳоянд. Моҳи августи соли ҷорӣ Тоҷикистон ва Афғонистон оид ба интиқоли нерӯи барқ, ки бояд аз ҷониби Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ шавад, лоиҳае ба имзо расониданд.  Тоҷикистон нерӯи барқи зиёдатиро дар фасли тобистон бо мақсади рӯйпуш намудани норасоии барқ дар Афғонистон ба ин кишвар равона бояд кунад. Лоиҳаи дигари ояндадори интегратсияи минтақа — ин хатти коммуникатсионии оптикӣ аст, ки онро Афғонистон бо маблағи 70 миллион доллари ИМА бо мақсади пайваст шудан ба шабакаи телекоммуникатсионӣ месозад. Ин шабака хатти васеи коммуникатсиониро дар чор минтақаи сарҳадӣ, инчунин Ғазнӣ, Ҳирот, Ҳилонд таъмин менамояд. Азбаски аксар давлатҳои Осиёи Марказӣ ба ҷаҳон тариқи шабакаҳои технологии баланд пайваст мебошанд, ин шабакаи волокно-оптикӣ нақшаи алоқаи минтақаро мустаҳкам менамояд. Шабака аллакай бо Эрон пайваст буда, омодааст пахши барномаҳоро аз Кобул ба Мазори Шариф оғоз намояд. Шабака инчунин барои дастрас намудани алоқаи арзон ба Осиёи Марказӣ, Покистон ва Ҳиндустон омода аст. Ҳамаи ин тадбирҳо дар самти мустаҳкам намудани назорати сарҳад, густариши тиҷорат, инфраструктураи коммуникатсионӣ ва бо мақсади якҷоя намудани фаъолияти тиҷоратӣ дар  Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, имкониятҳои нав ва дурнамои ин минтақаро хоҳад кушод. Лекин, мо дар ин роҳ душвориҳоро низ хоҳем дид. Тоҷикистонро барои гузоштани қадамҳои устувор дар ҳамкории байналмилалӣ бо Афғонистон ҷонибдорӣ мекунем. Тоҷикистон бо Афғонистон дорои таърих, фарҳанг ва  забони наздик мебошанд. Ин кишварҳо бояд нобовариҳоеро, ки дар даҳсолаи охири асти ХХ буд, фаромӯш намоянд. Кишварҳо бояд ба низоми раводид тағйиротеро ворид намоянд, ки  ба  равуои одамони хайрхоҳ мусоидат менамояд ва онро ба ҷинояткорон манъ мекунад. Тоҷикистон набояд додани раводидҳоро ба соҳибкорони афғон,  занон ва донишҷӯён рад кунад. Фасод ё ришвахориро бояд решакан кард. Шаҳрвандони Афғонистон барои раводид маблағ пардохт менамоянд, ки мо дар ин бора огоҳем. Тоҷикистон  пешниҳод кард, ки машваратҳои пӯшида бо ҳамсояи ҷанубии худ ба хотири содда гардонидани равуо байни ду кишвар ташкил карда шаванд. Мо ҷонибдори ин ташаббус буда, онро иқдоми аввалини умедвор мешуморем.      Воқеан, мо шаҳодатҳои илҳомбахши онро мебинем, ки Тоҷикистон имкониятҳои ҳамкориро боз ҳам зичтар бо Афғонистон баррасӣ мекунад. Моҳи оянда Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои 30 сарбози афғон омӯзиш мегузаронад. Ҳамин омӯзиш метавонад заминаи боварии мутақобиларо гузошта, саҳифаи нави ҳамкории  минтақавии байни сохторҳои низомии ду кишвари ҳамсояро кушояд. Моҳи октябри соли ҷорӣ  зимни суханронии  худ дар конференсия  оид ба амнияти сарҳадӣ ва мубориза бар зидди маводи нашъаовар, ки дар шаҳри Душанбе гузашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки  барои афсарони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳимояи амнияти Тоҷикистону Афғонистон машқҳои муштарак ташкил карда шавад. Мехоҳам ошкор намоям, ки ИМА тайёр аст курси омӯзиши  муштараки  тоҷикону — афғонро ҷонибдорӣ намояд. Чанде қабл мо майдони машқиро дар ҳудуди  шӯъбаи  сарҳадии  Хоруғ таъмир намудем. Ман аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки  бо сафорати ИМА ба хотири ташкили ҳамин курсҳо, барои додани раводид, ба оғози омӯзиши ҳамкасбони Афғонистон ҳамкорӣ намоянд. Дар самти ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии ноҳияҳои наздисарҳадии ҷанубии Тоҷикистону Афғонистон якҷоя бо Ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ дорем. Ин минтақа давраи зиёд паноҳгоҳи ифротгароён ва ҷинояткорон буд. Мо орзуманди кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҷорӣ намудани расмиятҳои гумрукии  якҷоя, инчунин имзо намудани созишномаҳо оид ба захираҳои обу барқ, ҳамчунин оид ба ташкили низоми шаффофи танзими боркашонием, ки ҳаҷми фурӯши барқ ва робитаҳои тиҷоратии байни Афғонистон ва Осиёи Ҷанубиро  меафзояд. Мо ҳамзамон чунин мешуморем, ки худи ҳамин навовариҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои афзоиши ҳаҷми содироташон ва тавсеаи бозорҳояшонро ба сӯи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бармегардонад. Барқарорсозии хатсайрҳои таърихии тиҷоратии ҷанубӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рақобатпазирӣ дар соҳаи нархгузорӣ нисбат ба шарикони  тиҷоратии доимиро фаъол намуда, арзиши молҳои  воридотӣ коҳиш медиҳад ва дастрасӣ ба интихоби молҳои аз тамоми дунё воридгардидаро таъмин менамояд. Ба қавли Президент Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ барои инкишофашон ба фазои мусоиди рушд ниёзманданд ва ҳамин фазои мусоид тавассути тавсеаи имкониятҳои тиҷоратӣ дар тамоми чор самти қутбнамо ва афзоиши ҳаҷми саромягузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ таъмин карда мешавад.      Яке аз тоҷирони Тоҷикистон дар намоишгоҳи кишоварзӣ, ки моҳи май дар Қундуз баргузор гардид, ба сафири ИМА гуфт: «Ман тасаввур мекунам, ки оянда дар ҳудуди марзи Тоҷикистону Афғонистон бояд меҳмонхона, шабакаи фурӯши сӯзишворӣ, мағозаи хӯрокворӣ, қаҳвахона сохта шавад. Зеро ин ҳудуд дар маҳали пули Панҷи Поён қарор дорад. Ин маҳал дар ҷое воқеъ аст, ки дуртар аз он нахустин сайёҳи хориҷӣ — Искандари Мақдунӣ дар соли 329 то қарни мо ба Тоҷикистон омада, ин марзро убур карда буд. Ҳамзамон, ин ҷо маҳалест, ки тоҷири афғон Шер Хон мехост ҳанӯз дар соли 1930 пул созад. Ҳарчанд ҳаҷми савдо аз моҳи октябр тавассути ин пул се баробар афзоиш ёфт, дар як рӯз аз ин пул 200 мошини боркаш мегузарад. Ҳол он ки, ин пул барои гузаштани 1000 мошини боркаш дар як рӯз пешбинӣ шудааст. Ҳанӯз дар пушти биноҳои гумрукӣ  заминҳои холӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар сурати вуҷуд доштани  ҳоҳиши ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкориҳо таҳким ёфта, боз ин пул вазифаи худро иҷро менамояд, яъне он роҳи тиҷорат байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ мегардад. Сокинони кишварҳои ҳамҷавор тавассути телефони оддӣ бо ҳамдигар муошират намуда, бо хушҳолӣ ва зиндагии ором дар канори ҳамсояҳои худ дар фазои рӯзгори осоишта умр ба сар мебаранд.      Дӯстон ва ҳамкасбони азиз!          Солҳои кор дар минтақаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ маро водор сохт, ки босабру таҳаммул бошам. Ва имрӯз шумо бо ман хело бо таҳаммул муносибат кардед. ИМА ҳамкории дарозмуддатро бо Афғонистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ мондааст. Амнияти шумо амнияти моро тақвият мебахшад.  Дар навбати худ, амният на танҳо амнияти бунгоҳҳои низомиро таъмин менамояд, инчунин, рушди иқтисодиёти кишварҳо ва муносибати онҳо бо дигар давлатҳо, ба ҳам наздик намудани халқҳои ин минтақаро тақвият мебахшад. Тавассути эътимоди қавӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни тафоҳум ва садоқат дар ӯҳдадориҳои худ, ман боварӣ ва итминони комил дорам, ки дар ҳамбастагӣ ба ояндаи дурахшон мушарраф мегардем.  

Ноябрь 17, 2008 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид