5 НАШРИЯ ДАР ЭРОН ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 14 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-5 ҳафтанома аз Тоҷикистон дар 15-умин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо, ки аз 16-ум то 22-юми ноябр дар Теҳрон баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Намоишгоҳ бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон ташкил карда шуда, дар он моли матбуот ва хабаргузориҳои 40 давлати ҷаҳон, хусусан кишварҳои минтақа ва Шарқи Наздик ба маърази тамошо гузошта мешаванд. «Ҳадафи намоишгоҳ ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ миёни расонаҳои хабарӣ ва матбуоти кишварҳои минтақа мебошад»,- гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста. Дар доираи баргузории намоишгоҳ иштирокчиён бо роҳбарони масъули сохтори марбутаи Эрон, сардабирони нашрияҳо, хабаргузориҳо ва Созмони садо ва симои ин кишвар дидору мулоқот намуда, бо фаъолияти матбуот ва хабаргузориҳо дар ин кишвар ошно мегарданд. Ҳамчунин, онҳо бо ёдгориҳои таърихии ин кишвар ва фаъолияти корхонаҳои саноатии он шинос мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






