6 МИЛЛИОН ДОЛЛАРИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ПЕШГӮИИ ОБУ ҲАВО
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 26- уми ноябри соли ҷорӣ муовини вазири кишоварзӣ Шукрулло Раҳимназаров бо намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ, мутахассиси пешбар оид ба ҳифзи муҳити зисти минтақаҳои Европа ваОсиёи Марказӣ ҷаноби В.В.Сиркунов вохӯрӣ намуд. Дар ин вохӯрӣ тарафҳо дар доираи ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани Барномаи «Кӯмакҳои техникӣ доир ба баланд бардоштани сифати пешгӯиҳои обу ҳаво ва рушди гидрометеорология дар Тоҷикистон» ибрози ақида намуданд. Намояндаи бонки умумиҷаҳонӣ ҷаноби В.В.Сиркунов иброз дошт, ки дар доираи иҷрои Барномаи мазкур, оид ба иттилоотонии кишоварзони ҷумҳурӣ аз офатҳои табии ва хариди технология барои пешгӯии обу ҳавошиносӣ бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 6 млн. доллари амрикои ҷудо карда мешавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






