60-СОЛАГИИ АТО ҲАМДАМ ДАР ҲИСОР ТАҶЛИЛ МЕШАВАД
Душанбе, 21 ноябр. (НИАТ «Ховар», Марзия Саидова).-Нависанда ва драматурги шинохтаи тоҷик Ато Ҳамдам ба синни мубораки 60 қадам монд. Ба ин муносибат ва 45 –умин солгарди фаъолияти адабии Ато Ҳамдам 22-уми ноябр дар зодгоҳи шоир — маркази ноҳия Ҳисор маҳфили бошукӯҳи илмию адабӣ гузаронида мешавад. Созмондиҳандагони маҳфили адабӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор мебошанд,- гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» худи соҳибҷашн. Дар ҷашни адиб шахсиятҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷумҳурӣ, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ва Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ даъват гардидаанд. Бояд зикр кард, ки Ато Ҳамдам яке аз адибон ва драматурги шинохтаи тоҷик буда, дар соли 1994 бо Ҷоизаи олии адабии Покистон сарфароз гардида, бо роману асарҳои эҷоднамудааш дар рушди наср ва дарматургияи тоҷик саҳми босазо гузоштааст. «Роҳи дилҳо, «Давоми роҳ», «Пеш аз борон», «Фиғон» «Шоҳроҳи абрешим» ва ғайраҳо аз зумраи асарҳои эҷоднамудаи адиб аст. Ато Ҳамдам дар баробари адиб ва драматург буданаш ҳамчун ходими давлатӣ ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда адои вазифа намудааст. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 1992-1994 вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, солҳои 1995-2004 мушовири калони Президенти мамлакат. Аз соли 2004 инҷониб директории яке аз нашриётҳои бонуфузи ҷумҳурӣ- «Адиб»-ро ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






