АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲИНДУСТОН
Деҳли, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар» — РБК). – Шахсони номаълум дар шаҳри Мумбай (Бомбайи собиқ), ки пойтахти молиявии Ҳиндустон ба шумор меравад, якбора ба чанд меҳмонхонаю ресторан ҳамла оварданд. Ҷинояткорони бо аслиҳа ва гранатаҳо мусаллаҳ ба меҳмонхонаю ресторанҳои серодами маркази шаҳр зада даромада, ба сӯи одамон бетартибона оташ кушоданд. Бар асари ин амалиётҳо бештар аз сад нафар ҳалок гардида, зиёда аз 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Ба қавли шоҳидон ва баъзе расонаҳои гурӯҳӣ, теъдоди маҷрӯҳшудагон қариб ба 900 нафар мерасад. Сабабҳои рух додани амалиёти террористӣ маълум нест. Ҳаминаш маълум аст, ки масъулияти онҳоро созмони террористии «Десон Муҳиддин» ба зиммаи худ гирифтааст. Террористон ҳамчунин бештар аз сад нафарро гаравгон гирифта, дар ду меҳмонхона нигоҳ медоранд. Хабар дода мешавад, ки дар натиҷаи амалиёти политсия ва артиш як қисми террористон нобуд карда шуданд. Дар шаҳри Мумбай қуюди шабгардӣ ҷорӣ карда шуд. Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Британияи Кабир ва баъзе мамлакатҳои дигар амалиёти террористиро дар Ҳиндустон маҳкум намуданд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






