АСОСГУЗОРИ НАЗМИ ШУҒНОНӢ 100-СОЛА ШУД
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). Бахшида ба 100-умин солгарди зодрӯзи шоири маъруф ва адабиётшиноси тоҷик Нодир Шанбезода дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон конфронс баргузор гардид. Дар он аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ иштирок намуда, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ маърӯза хонданд. Ҳамчунин, дар конфронс порчаҳо аз осори шоир бо забони шуғнонӣ қироат гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки Нодир Шанбезода асосгузори назми шуғнонӣ ҳисобида шуда, саҳми ӯ дар таҳқиқи паҳлӯҳои гуногуни адабиёти классикии форсу тоҷик низ беҳамтост. Нодир Шанбезода муддати зиёд ба ҳайси мудири Шӯъбаи адабиёти нашриёти «Ирфон» фаъолият намуда, дар чопи се ҷилди қиссаҳои «Ҳазору як шаб», ғазалиёти Ҳофиз ва дигарон саҳми арзанда дорад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






