АЗ ҲИСОБИ БУҶА ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ НИЗ МЕХАРАНД
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Аз ҳисоби буҷа баҳри амалӣ гаштани барномаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ барои соли 2009 – ум 22,3 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Истифодаи ин маблағ барои амалӣ шудани даҳҳо барномаҳои соҳа мусоидат мекунад. Маблағи пешбинишуда асосан барои амалӣ намудани чорабиниҳои эпизотӣ, мубориза бар зидди малах, харидани заҳрхимикатҳо ва тухми зироатҳои кишоварзӣ, барқарорсозии соҳаи боғу токпарварӣ, рушди соҳаи асалпарварӣ, моҳипарварӣ, чорводорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Харидани техникаи кишоварзӣ низ аз ҳисоби ин маблағ дар назар аст, — гуфт сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзӣ С.Қ. Маҳмадиев ба мухбири АМИТ «Ховар».








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






