БА КОРМАНДОНИ ТЕАТР КӮМАКИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД

Ноябрь 7, 2008 15:38

Душанбе, 7 ноябр (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз, 7-ноябр  тамоми театрҳои ҷумҳурӣ иди касбияшонро қайд менамоянд. Аллакай аҳли ҳунари театрҳои пойтахт  дар театри драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷамъ омада, ин рӯзро ботантана ҷашн гирифтанд. Дар ҷамъомади мазкур муовини аввали вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Миралӣ Достиев иштирок намуда, аз номи роҳбарияти вазорат ҳозиринро бо Рӯзи театри тоҷик табрик гуфт ва ба онҳо парвози баланди эҷодӣ таманно намуд. «Имсол театрҳои ҷумҳурӣ дар бисьёр фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, муваффақият ба даст оварданд, ки ин нишонаи пешравист. Дар ҳақиқат имрӯзҳо сифати намоишномаҳо беҳтар гардидааст, ки он ба заҳмату талоши ҳунармандон вобаста аст», —  аз ҷумла қайд гардид дар сухани табрикотии муовини вазир.Мутобиқи фармони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои заҳмати арзанда 14 нафар корманди театр  бо унвони «Нишони аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 15 нафар бо ифтихорномаи фахрӣ мукофотонида шуданд. Ба 50 нафари дигар кӯмаки моддӣ расонида шуд.   Дар хотима намоишномаи «Рӯдакӣ», ки аз рӯи асари Сотим Улуғзода рӯи саҳна омадааст, пешкаши тамошобинон гардид.   

Ноябрь 7, 2008 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!