БАЪДИ 19 СОЛИ МАҲБАСӢ БУДАН ҲАМ АВБОШ ТАРБИЯ НАГИРИФТ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ Суди ноҳияи Истаравшан парвандаи ҷиноии Исроил Ёровро тибқи моддаи 104 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои «а», «б», «д» мавриди баррасӣ қарор дода, ӯро барои қатли модари ӯгаяш 25 сол аз озодӣ маҳрум кард. Исроил Ёров аз 44 соли ҳаёти худ 19 солашро дар маҳбас сипарӣ намудааст. Маҳкумшуда бори дуюм барои роҳзанӣ ва бори сеюм барои одамкушӣ зиндонӣ шуд. Бояд зикр намуд, ки дар 19 соли маҳбасӣ будан ҳам ин авбоши гузаро тарбия нагирифт. Шояд баъди 25 соли ҳабси минбаъда, ки барои ӯ охирин «оромгоҳ» аст, ба худ ояд ва пушаймон шавад,- мегӯяд ёрдамчии прокурори Истаравшан, мушовири адлияи дараҷаи якум А.Ниёзбадалов.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






