«БАРҚИ ТОҶИК» ҚАРЗИ «САНКТ- ПЕТЕРБУРГ» -РО ПАРДОХТ НАМУД

Ноябрь 18, 2008 15:24

            Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Ширкати  «Барқи тоҷик»  ба мухбири АМИТ  «Ховар»  иттилоъ доданд, ки  қарзи Ширкати  «Санкт-Петербург» ба миқдори 65 ҳазор доллар падохт карда шуд. Боиси ёдоварист, ки Ширкати «Санкт-Петербург» дар кори васлкунии агрегатҳои  нерӯгоҳи барқи обии Артучи ноҳияи Панҷакент  саҳмгузор аст. Хизмати муҳандисӣ — техникии ин ширкат   65  ҳазор доллар ҳисоб карда шудааст. Бо сабаби омода набудани ҳуҷҷатҳои расмӣ, маблағи номбурда саривақт пардохт нагардид. Баъди  расмӣ намудани ҳуҷҷатҳо, маблағи 65 ҳазор доллар қарзи Ширкати «Санкт-Петербург» пардохт гардид. Баъди пардохти маблағи қарзӣ мутахассисони  Ширкати «Санкт-Петербург» ба нерӯгоҳи барқи обии  Артуч омаданд ва  якҷоя бо мутахассисони тоҷик барои ба кор даровардани  нерӯгоҳ фаъолияташонро оғоз карданд. Рӯзҳои наздик нерӯгоҳи мазкур ба истифода дода мешавад.

Ноябрь 18, 2008 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид