БАРНОМАИ НАВИ БАРГАРДОНИ ҲУРУФОТИ КИРИЛӢ БА ФОРСӢ
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Донишмандони тоҷик барномаи компютерии баргардонандаи матни ҳуруфоти кирилӣ ба ҳуруфоти арабиасоси форсиро сохтанд. Ин барномаро донишмандони Пажӯҳишгоҳи математика ва Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон офаридаанд. Барномаи компютерӣ метавонад матни тоҷикӣ бо ҳуруфи крилиро бо дурустии 83 дар сад ба хатти форсӣ баргардонад. Беҳтар кардани баргардонии матни кирилӣ ба ҳуруфоти форсӣ аз роҳи ғанӣ кардани луғати барномаи компютерӣ ба даст меояд. Бахши назариявии он, яъне грамматика, шеваи баргардон, усулҳои инъикоси як матн дар матни дигар қариб пурра анҷом ёфтааст. Ба захираи луғавии барнома метавон шумораи зиёди калимаҳоро ворид кард, аз ҷумла калимаҳои арабиро, ки 15 дар сади захираҳои луғавии забони тоҷикиро ташкил медиҳанд. Хатоҳо ҳангоми баргардони матн дар он калимаҳое рух медиҳад, ки ба забони форсӣ дар Эрон аз забони англисӣ ва ба забони тоҷикӣ аз забони русӣ ворид шудаанд. Дар давоми ду-се моҳи оянда захираи луғавии барнома зиёд карда шуда, дақиқии баргардони он ба 95 фоиз хоҳад расид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






