БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ ХАВФНОК
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Бо ташаббуси Кумитаи миллии ҳамоҳангсози тадбирҳои пешгирии бемориҳои СПИД, сил ва табларза имрӯз дар саросари Тоҷикистон таҳти шиори «Бемориҳои ВИЧ ва СПИД — ро танҳо якҷоя барҳам додан мумкин аст» маъракаи мубориза ба муқобили ин бемориҳои марговар шурӯъ шуд. Тадбирҳои маърака дар ҳамаи шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат баргузор гардида, баъдан дар пойтахт ҷамъбаст карда мешаванд. Чунин маъракаи доманадор барои пешгирии бемориҳои хавфнок дар Тоҷикистон бори аввал гузаронида мешавад. Пеш аз ин дар ин мавзӯъ танҳо сӯҳбату консертҳо ташкил карда ва филмҳо намоиш дода мешуданд. Иштирокчиёни маърака ва ёрдамчиёни ихтиёрии онҳо дар кӯчаҳо ба одамон варақаю маълумотномаҳо тақсим мекунанд, дар мактабҳо нақли хаттӣ ва иншоҳо навишта мешаванд, ходимони дин дар масҷидҳо барои пешгирии бемориҳо маслиҳат медиҳанд. Умуман, бо ин роҳ тарзи ҳаёти солим ташвиқу тарғиб карда мешавад.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






