БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОИДА БА 41 НАФАР ҶАРИМА БАСТАНД
Мӯъминобод, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар давоми соли ҷорӣ дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон 6 ҳодисаи сӯхтор ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷа 12 ҳазору 234 сомонӣ зиён расонидааст. Сардори нозироти Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Мӯъминобод Сафол Раҳимов иброз дошт, ки ҳодисаҳои бавуҷудомада дар қиёс ба соли сипаришуда 1 адад кам шудаанд. Аксари ин сӯхторҳо дар биноҳои соҳаи маориф, тандурустӣ ва савдо ба қайд гирифта шудаанд. Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба 41 нафар дар ҳаҷми 2 ҳазору 475 сомонӣ ҷарима баста шудааст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






