БАРОМАДИ УСТОДОН МАВРИДИ МУҲОКИМА ҚАРОР ХОҲАД ГИРИФТ
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- 21-22-юми ноябри соли ҷорӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-таҷрибавии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷараёни ҷамъиятию сиёсӣ ва инъикоси он дар ВАО-и электронӣ» баргузор мегардад. Устоди кафедраи радио ва телевизиони факултети журналистикаи ДМТ Иршод Сулаймонов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки конференсияи мазкур бо ибтикори ҳамин кафедра ташкил шуда, дар ҷараёни он баромадҳои профессор Асадулло Саъдуллоев дар мавзӯи «Фаъолият ва шахсияти журналисти телевизион», профессор Иброҳим Усмонов дар мавзӯи «Мушкилоти инъикоси нормаҳои конститутсионӣ дар ВАО» ва баромади муаллими калони факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзода таҳти унвони «Мушкилот дар фазои иттилоотии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






