БАРРАСИИ ПРОБЛЕМАҲО ВА ИМКОНИЯТҲОИ АФҒОНИСТОН

Ноябрь 26, 2008 11:36

           Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 28 — уми  ноябр дар Душанбе дар мавзӯи  «Вазъи имрӯза, проблемҳо ва имкониятҳои густариши тиҷорати наздисарҳадӣ дар байни Тоҷикистону Афғонистон» конфронси ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Онро Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти ҳамкории техникии Олмон ва  созмони «Миллал- Интер» — и Афғонистон баргузор месозанд. Дар конфронс намояндагони вазоратҳои дахлдор ва  минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳои  хориҷӣ ширкат меварзанд.            Иштирокчиёни конфронс роҳу усулҳои густариш додани хариду фурӯши молро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва  умуман, вусъат додани ҳамкории иқтисодии ҳар ду мамлакати ҳамсояро баррасӣ хоҳанд кард.

Ноябрь 26, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд