БО ДАСТУРИ ПРЕЗИДЕНТ БИНОИ МАЪМУРИИ ХАРОБГАШТА АЗ НАВ СОХТА ШУД
Рашт. 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мирзосафар Ризвонов).- Бар асари заминларзаи моҳи июни соли 2007 дар ноҳияи Рашт дар қатори даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ бинои маъмурии Н.Махсум низ хароб гардида буд. Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони нави бинои ҷамоат 487 ҳазору 300 сомонӣ ҷудо гардид ва бино дар мӯҳлати кӯтоҳ аз тарафи ҶСП- 5, ки роҳбарияшро Саидэҳсон Саидисҳоқович ба ӯҳда дорад, сохта, бо ҳамаи таҷҳизоташ ба истифода дода шуд. Дар рӯзи кушодашавии бино раиси ноҳияи Рашт М. Толибов ва дигар фаъолони ноҳия баромад намуда, миннатдории худро ба роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбати ғамхориҳои пайвастаашон дар бартараф намудани оқибатҳои табиӣ баён намуданд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






