БО ИШТИРОКИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ТВ «ҶАҲОННАМО» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРЎЪ НАМУД

Ноябрь 5, 2008 17:54

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон телевизиони шаборўзии иттилоотии Ҷаҳоннамо ба фаъолият шурўъ намуд.Ба фаъолият шурўъ намудани телевизиони иттилоотӣ таҳти унвони Муассисаи давлатии Ҷаҳоннамо, ки шабакаи чаҳоруми телевизионии умумиҷумҳуриявӣ буда, шаборўз мардумро бо хабарҳои наву тоза аз дохил ва хориҷи кишвар бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ошно месозад, рўйдоди навбатии дорои аҳамияти таърихӣ дар фазои иттилоотию маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Чунонки маълум шуд, баъд аз чанд муддат пахши барномаҳои хабарӣ бо забони арабӣ низ ба роҳ монда мешавад.Дар давоми се соли охир бо ташаббус ва дастгирию пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кори босамари Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шабакаи аввал боз се шабакаи   умумиҷумҳуриявии телевизионӣ ба кор дароварда шуд, ки ин бешубҳа аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишвар ва кўшишҳои пайвастаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон баҳри ѓанигардонии фазои иттилоотӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини гуногунандешию рангорангӣ дар он гувоҳӣ медиҳад.Фаъолияти озодонаю босамари Симои мустақили Тоҷикистон, ки шабакаи соҳибихтиёри телевизионӣ аст ва даҳҳо шабакаҳои радиоию телевизионии минтақавӣ низ шаҳодат аз фазои пурѓановату гуногунранги иттилоотии кишвар аст.Зимни шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кору эҷод дар телевизиони Ҷаҳоннамо иттилоъ дода шуд, ки бинои он дар муддати ҳамагӣ 4-5 моҳи охир сохта ва бо техникаю таҷҳизоти рақамӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Таъкид гардид, ки шабакаи навтаъсиси Ҷаҳоннамо бо  6 танзимгоҳи компютерию магнитофонӣ ва маркази ҳозиразамони пахши барномаҳои телевизионӣ таҷҳизонида шуда,  бо ҳайати кордону корозмудаи эҷодию техникӣ таъмин гаштааст. 40 адад компютер барои таъмини кори фаврии хабарнигорони телевизионӣ ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо бо шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. «Ба кори ин шабака, ки телевизиони иттилоотии шаборўзӣ аст, пеш аз ҳама кормандони соҳибтаҷрибаю хушсалиқа ва дар баробари онҳо бештар ҷавони чолоку боистеъдод ҷалб карда мешаванд», — зикр гардид, зимни сўҳбатҳо.Бояд таъкид намуд, ки дар ин шабака барои 150 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст.Зимни сўҳбат бо ҳайати эҷодии телевизиони Ҷаҳоннамо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба васеъ намудани донишу малакаи касбӣ ва сайқал додани маҳорати худ ҳидоят намуда, таъкид кард, ки ин телевизион бояд ба мардум зуд – зуд ва шабу рўз хабарҳои тозаю фаврӣ  пешкаш намоянд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо зер кардани тугма нахустин барномаи шабакаи телевизионии Ҷаҳоннаморо дар фазои кишвар пахш намуд.Баъд аз чанд лаҳза аз тариқи мавҷҳои шабакаи телевизионии Ҷаҳоннамо паёми шодбошии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди 14 — уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш гардид.

Ноябрь 5, 2008 17:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад