БОНКИ ҶАҲОНӢ БАРОИ ПЕШГӮИИ ОБУ ҲАВО БА ҶТ 6 МИЛЛИОН ДОЛЛАР МЕД

Ноябрь 27, 2008 10:19

            Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 26- уми ноябри соли ҷорӣ муовини вазири кишоварзӣ Шукрулло Раҳимназаров бо намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ, мутахассиси пешбар оид ба ҳифзи муҳити зисти минтақаҳои Европа ваОсиёи Марказӣ ҷаноби В.В.Сиркунов вохӯрӣ намуд.  Дар ин вохӯрӣ тарафҳо дар доираи ҳамкориҳо ва амалӣ гардидани Барномаи «Кӯмакҳои техникӣ доир ба баланд бардоштани сифати пешгӯиҳои обу ҳаво ва рушди гидрометеорология дар Тоҷикистон» ибрози ақида намуданд. Намояндаи бонки умумиҷаҳонӣ ҷаноби В.В.Сиркунов иброз дошт, ки дар доираи иҷрои Барномаи мазкур, оид ба иттилоотонии кишоварзони ҷумҳурӣ  аз офатҳои табии ва хариди технология барои пешгӯии обу ҳавошиносӣ бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 6 млн. доллари амрикои ҷудо карда мешавад.

Ноябрь 27, 2008 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад