«БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН» ДАР РАШТ БА ҲАЗОРУМИН МИЗОҶИ ХУД ҚАРЗ ДОД
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Филиали ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба мизоҷи ҳазорумаш қарз дод. Ин мизоҷ сокини шаҳраки Роғун Далер Қурбонов буда, ният дорад, ки қарзи гирифтаашро барои харидории тухмии картошка истифода намояд. Асоси фаъолияти филиал — пешкаш намудани қарзҳо барои инкишофи хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бонки мазкур иттилоъ доданд, филиали «Бонки рушди Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт қариб як сол боз фаъолият дорад. Дар муддати кӯтоҳ филиал на танҳо мавқеи худро дар бозори маҳаллӣ мустаҳкам кард, балки ривоҷи назарраси фаъолияти худро низ нишон дод. Филиали мазкур на танҳо дар ҳудуди ноҳияи Рашт, балки дар ноҳияҳои дигари ин водӣ низ соҳиби мизоҷони худ гашт. Ин ба роҳбарият имконият медиҳад, то ба оянда бо нигоҳи некбинона назар намуда, барои амалигардонии як қатор лоиҳаҳои нав омодагӣ бинанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






