БОЗ ЯК АМАЛИ НЕКИ ФОНДИ ҶАМЪИЯТИИ ХАЙРИЯИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Рӯзи 25-уми ноябри соли 2008 ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб 180 адад ва 26-уми ноябри соли 2008 ба мактаб-интернати ёрирасони №1-и шаҳри Кӯлоб 120 адад курткаҳои сабуки кӯдакона тақдим гашт. Кӯмак ба кӯдакон дар шароити тантанавӣ, бо иштироки намояндаи Фонд А.Акрамов, муовини мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб А. Мазарипов, роҳбарият ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои мазкур ва телевизиони маҳаллӣ супорида шуд. Бояд гуфт, ки Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон минбаъд низ вобаста ба имкониятҳои худ муассисаҳои эҳтиёҷманди ҷумҳуриро дастгирӣ хоҳад намуд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






